БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ ДАВЛАТ

БОХТАР. Дар толори Қасри фарҳанги Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки аъзои гурӯҳи тарғиботӣ Ғафурзода Музаффар, Асадуллозода Ватаншо, Зувайдуллоева Фароғат, вакили Маҷлиси вакилон халқи шаҳри Бохтар Нурализода Наргис бо донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ оид ба шарҳу тавзеҳи  муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрӣ  доир гардид.

Ғафурзода Музаффар дар  баромади хеш иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳар Паёмашон ба сиёсати кор бо ҷавонон ва саводомӯзии онҳо таваҷҷуҳи махсус доранд. Дар Паёми имсолаашон низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва дастгирии онҳо як қатор пешниҳоду дастурҳои мушаххасро ироа доштанд. Баланд бардоштани стипендияи донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо ва дар оянда баргузор намудани озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” аз ҷумлаи онҳо мебошад. Инчунин, Нурализода Наргис   низ  доир ба паҳлуҳои дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози назар карда, таъкид дошт, ки барои донишомӯзии ҷавонон тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё гардидаанд. Сарвари давлатамон низ вобаста ба масъалаи ҳавасмандгародонии ҷавонон дар Паёмашон як қатор чораҳои лозимаро роҳандозӣ  карданро зарурӣ шумориданд. Аз ҷумла, иброз дошанд, ки “Мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg