БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ОИНАИ ПУРҶИЛОЕСТ, КИ ДАР ОН ИМРӮЗУ ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ТАҶАССУМ ЁФТААСТ

Н.ХУСРАВ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳхои муштараки корӣ таъсис дода, оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодаанд.

Ин навбат гурӯҳи корӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Арабхона”-и Ҷамоати  деҳоти Истиқлол суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

Роҳбари гурӯҳи муштараки корӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ализода Сурайё зимни вохӯрӣ баромад намуда, қайд кард, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пешрафту тараққиёти кишвар дар роҳи расидан ба  ҳадафҳои стратегии мамлакат башорат медиҳад. Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли ҳарвақта хеле фарогир буда, шуруъ аз қишри осебпазири ҷомеа, маъюбону ниёзмандон то баррасии мушкилоти соҳибкорони ватанӣ, ки муҳаррики асосии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб мераванд, дар бар гирифт.

Таҳлилҳо ва рақамҳои дар Паём зикршуда аз он далолат медиҳад, ки Роҳбари давлат аз ваъзи воқеии масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дурнамои дигар соҳаҳои калидии кишвар комилан иттилоъ дошта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва замина гузоштан барои рушди самтҳои муҳим, ки зиндагии босаодати мардуми кишвар аз он алоқаманд аст, тасмимҳои ҷиддӣ мегиранд.

Бояд гуфт, ки самтҳои асосие, ки дар Паёми навбатӣ иброз гардиданд, бевосита ба барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ алоқаманд буда, пурра бо нақшаҳои барномавӣ мувофиқат мекунанд ва дар бахшҳои муназзам беҳбуд бахшидани ҳаёти сокинони мамлакатро баррасӣ менамоянд.

Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ қайд намуданд, ки пайомадҳои пандемия ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо таъсири манфии худро расонид.

Бо вуҷуди таҳдидҳои ҷиддӣ ба соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоӣ бар асари бемории пандемияи COVID-19, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат устуворонаю собитқадамона пеш меравад.

Инчунин, дигар  аъзои  гурӯҳи  корӣ  низ  дар бораи   самтҳои  асосии дар  Паём  ироа  шуда  истода  гузошта, сиёсати  хирадмандонаи  Пешвои  миллат муҳтарм  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  рушди  минбаъдаи  давлату  кишварро  ба дарки ҳамагон расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg