БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ

ХОВАЛИНГ.  Дар асоси нақшаи кории намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг барои тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии  наврасону ҷавонон ҷиҳати ҳифзи марзу буми кишвар дар арафаи таҷлили Рӯзи Қувваҳои Муссалаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 бо иштироки кормандони ин муассиса ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  Исфандиёр Саидмаҳмудов машқҳои омодагии дифои ҳарбӣ миёни  хонандагон гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ хонандагон ба таври низомӣ қадам зада, аз саф баромадану додани саломи низомӣ бо суруд қадам заданро аз худ  намуданд. Сипас, Исфандиёр Саидмаҳмудов дар назди иштирокдорон аз хизматҳои шоёни Сарфармондеҳи Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини шароити хуби ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, ихтиёран сафарбар кардани ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ  ёдовар шуда, ҳамагонро бо фарорасии 28- солагии Рӯзи артиши миллӣ табрику муборакбод гуфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg