БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст...

ВОКУНИШ. Мо тоҷикон бо мардуми ҳамзабон, ҳамтаъриху ҳамтақдир яъне мардуми Эрон барои тақвияти равобити дуҷониба дасти дӯстӣ дароз карда, бо умеде, ки робитаи хуб дар бахшҳои гуногуни давлатдорӣ пайдо мекунем. Ҳамчун ҳамзабони худ дар паҳлуи якдигар истода, барои рушди ҳарду ҷониб иқдом менамоем. Дар ҳақиқат мардуми ин ду кишвар бо ҳам равобити хуби дӯстиро новобаста аз сиёсати нодурусти ҳукумати вақти Эрон идома дода истодаанд ва тавре воқеият нишон медиҳад аз ин сиёсати роҳбарияташон аксарияти мардуми Эрон норизоанд.

Имрӯз ба воситаи душманони миллат ҳукумати вақти Эрон мехоҳад мардуми тоҷикро боз ба ҳамон рӯзҳои тираву шум баргадонанд. Нодиртарин дастовардҳои моро аз қабили Истиқлолият ва Ваҳати миллиамон, ки бо хуни ҷон ба даст овардем, аз байн баранд. Мардуми моро мисли мардуми Ироқу Сурия сарсону саргардон карда, давлати моро аз байн баранд ва миллати тоҷикро роҳгумзада гардонанд.

Мехостам, ба кишвари гӯё дӯстӣ мо Эрон суханони пурарзиши Пешвои миллатро хотирнишон намоям, ки “Таърихи миллати мо саропо аз муборизаҳои ошкору ниҳон барои нигоҳ доштани ҳастӣ, оини давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ иборат аст”. Ин ёдоварӣ аз гузаштаи пурифтихори миллат ишораест ба имрӯзу ояндагон ҷиҳати ибрат гирифтан аз аҷдодони миллатдӯсту ватанпавармон. Яъне аз равиши таърихи худ таҷрибаи зиёде дорем, ки ягон ақидаву фишорҳо иродаву матини миллати моро шикаста наметавонад. Мо ҳар сония, ҳар даққиқа, ҳар лаҳза ва ҳамеша омодаем, ки ин марзу буми худро аз таъдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳифзу ҳимоя намоем.

Аз давраҳои дури таърихӣ олимону донишмандон ва шоирону нависандагони мо инсонҳоро дар шеъру ғазалҳо ва асарҳо ба иттифоқиву ҳамдилӣ ва дӯстиву рафоқат даъват мекарданд. Дар бобати дӯстиву рафоқат устоди бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода хело ба маврид гуфтааст:

Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,

Ваҳдти халқи ҷаҳонро гум макун.

Халқи тоҷик халқи сулҳпарвару сулҳхоҳ аст. Тамоми халқиятҳои дунё моро ҳамчун миллати Ваҳдатхоҳу сулҳҷӯ мешиносанду эътироф мекунанд. Дар чунин маврид мо ин маҳбубиятеро, ки миёни давлатҳои дунё сазовор гардидаем ҳеҷ гоҳ аз даст нахоҳем дод. Агар имрӯз бо ҳукумати Эрон мисли душман рафтор кунанд, дар баробари ин боз даҳо давлатҳои дӯсту бо ҳам ошно дорем, ки дар якҷоягӣ ба ҳар гуна қувваи бадӣ аксуламал нишон дода метавонем. Аммо ба ҳар сурат алам мекунад, чун тарафе, ки дӯсти ҷониаш меҳисобидем, имрӯз бо душманонамон ҳамнишину ҳамфикр гардида, зидди мо сангар гирифтааст. Ин ҷо байти зерини устод Саъдӣ ба ёд меояд, ки гуфтааст:

 

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,

Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.

Парҳез аз он асал, ки бо заҳр омехт,

Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст.

 

Имрӯз тамоми мардуми дунё аз амалҳои анҷомдодашудаи террористон ба дод омада, бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мубориза мебаранд. Дар ин миён Эрон худро ҳамзабону дӯстӣ мо хондаву душманони моро пӯштибонӣ менамояд. Дар ҳоле, ки бояд худи Эрон дар баробари дигар давлатҳои дунё дар муқобили гурӯҳҳои ифротӣ муоқовимат нишон дода, бар зидди ин проблемаи сатҳи ҷаҳонӣ, доғи рӯз мубориза барад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақсадҳои муғризона ва сиёҳи роҳбари ТЭТ ҲНИТ огоҳ шуда, фаъолияти онро, ки дар он амалҳои ифротӣ дида мешуд манъ намуданд. Аз ин кишвари Эрон худ огоҳ ҳаст, вале бар замми ин аъзои ТЭТ ҲНИТ-ро роҳ додаву пуштибонӣ менамояд.

Дар санаи 21 май 2018 дар назди сафорати Эрон дар Тоҷикистон шаҳрвандони бонангу номӯси кишвари мо эътироз карда, аз намояндагии кишвари Эрон талаб карданд, ки хоинони миллати тоҷикро дастгирӣ накунанд. Зеро онҳо террористу ифрогаро мебошанд ва онҳоро ба Тоҷикистон супоранд ва аз роҳи душманӣ баргашта ба роҳи дӯстӣ дароянд. Зеро тавре мо бо як забон мегӯем:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душмани баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Саъбагул Валиева, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg