БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МОРО БА РОҲИ СОЗАНДАГӢ РАҲНАМОӢ МЕКУНАД

ФАРХОР. Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба пешгирии сироятёбӣ ва паҳншавии бемории коронавирус, истифодаи мақсадноки қувваи барқ ва истифодаи самараноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Фархор  бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуда, бо аҳолӣ суҳбатҳо анҷом доданд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат намояндагони ҳизбӣ бо сардорони оилаҳо вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, кишти зироатҳои кишоварзӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда, сокинонро барои  саҳм гузоштанд дар корҳои ободониву созанда раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg