БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

КӮЛОБ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "И. Сомонӣ №1" бо сокинони ҳудуди муассисаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саймуминзода Фирӯз ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии "И. Сомонӣ №1" – Сабуров Пирмурод иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарравал Саймуминзода Фирӯз ба сухан баромада, таъкид намуд, ки Паём дастурамалӣ муккамалест аз ҳадафҳои олии кишвар, ки ба ҳар як шаҳрванд роҳнамои асосии зиндагӣ мебошад.

Инчунин, дар рафти маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Сабуров Пирмурод баромад карда, қайд намуд, ки барои ҳар як давлат соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо омӯзгоронро мебояд насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва донишандӯзӣ тарбия намуда, фаъолиятамонро хубтару беҳтар ба роҳ монем.

Дар охир сокинон низ ба сухан баромада, бо боварӣ изҳор доштанд, ки Паёми Сарвари давлатро сармашқи кору зиндагӣ қарор дода, хусусан фарзандонашонро ба озмунҳои Ҷумҳуриявӣ омода ва сафарбар месозанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg