БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН, САРСАБЗИАТ ХУШБАХТИИ МОСТ!

КӮШОНИЁН. Бо ташаббуси аъзои ташкилоти ибтидоии “Меҳнатобод” ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар доираи  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя месозем!" дар шоҳроҳи Бохтар – Кӯшониён- Вахш корҳои ободонӣ гузаронида шуд. Дар он фаъолони ташкилоти мазкур ширкат варзида, ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар як тарафи шоҳроҳи мазкур 90  бех дарахтони ҳамешасабз шинониданд, ки ин ба ҳусни шоҳроҳ як ҳусни зебое бахшида, кас аз диданаш ҳаловат мебарад ва диққати ҳам меҳмонони дохилӣ ва ҳам беруниро ба худ ҷалб менамояд.
Дар рафти Аксияи мазкур фаъолони ташкилоти ибтидоӣ  бо як ҳисси баланди ватандӯстона, садоқат ба Ватан ва баҳри боз ҳам зебо гаштани шоҳроҳ саҳми босазои худро гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg