ҶАЙҲУН. Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аёдату дасти кумак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманд, раиси ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” Иблоев Сайалам ба 10 нафар эҳтиёҷманди деҳаи Сомонӣ кумакҳои яквақтаинаи моддӣ расониданд.
Зимни баргузории ин иқдоми нек оилаҳои эҳтиёҷманд болидахотир гардида, бо суханони неку пандомезашон аз хизматҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду пешрафти Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиста ба сокинон ёдоварӣ намуда, изҳори сипос баён карданд.
Бояд қайд кард, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона аз ҳисоби сохторҳои ҳизбӣ ва шахсони саховатпеша то охири сол идома хоҳанд ёфт.