КӮЛОБ. Ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагиву ободонӣ роҳандозӣ шуда истодааст.
Дар ҳамин замина бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи сироятӣ” корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд.
Зимни ин корҳо 80 утоқи кории ин беморхона таъмири ҷорӣ гардида, 1 гармхона барои парвариши лимӯ, сохтмони ҳоҷатхона ва ҳаммом бо усули дренажӣ дар арафаи анҷомёбист. Инчунин, заминҳои назди ин беморхона самаранок истифода шуда, дар он 200 кг картошка ва 50 бех дарахтони сояафкан шинонида шуданд.
Бояд гуфт, ки дар назди ташкилоти ибитдоии ҳизбии “Беморхонаи сироятӣ” беш аз 100 бех дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонида шудааст.