КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хати роҳ" вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар ин маҷлис Шарифзода Гулрухсор раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Раҳимов Суҳроб муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Зулфиев Гадомад узви фаъоли ҲХДТ, омӯзгори ДДК ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Шарифзода Гулрухсор ба сухан баромада, қайд кард, ки занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, ба хусус дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки занону бонувони тоҷик ҳамеша пуштибони ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат мебошанд.
Дар идомаи суҳбат дигар иштирокдорон низ баромад намуда, таъкид карданд, ки мо бояд аз ҳар як нукта ва ҷумлаи Паём дар пешбурди фаъолияти кории ҳамарӯзаамон ҳамчун дастурамали рӯимизь истифода бурда, кӯшиш намоем, ки саҳми худро дар амалишавии нуктаҳи Паём гузорем.