КӮЛОБ. Имрӯзҳо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд.
Вобаста ба ин таҳти роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тудакафш” Набиева Меҳрубону бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 бо чор адад компютерҳои замонавӣ ва як адад тахтаи электронии синфӣ таъмин карда шуд.
Инчунин, ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тудакафш” дар ҳудуди муассисаи мазкур беш аз 500 адад гулҳои ороишӣ, аз ҷумла гули лола, садбарг ва ғайраҳо бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани муассиса шинонидаанд, ки ба ҳусни муассисаи таълимӣ ҳусни дигарро зам кардааст.