ВАХШ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фидокор" таҳти унвони "Оштинопазирӣ нисбат ба коррупсия" ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомад мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Камолов Сафаралӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Аслиддин Раҳимов иштирок ва андешаронӣ намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ Раҳимов Аслидин дар мавзӯъи "Муқовимат бо коррупсия" ба сухан баромада, қайд намуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад. Мо бояд тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсияро тақвият бахшем. Бо ҳамин мақсад зарур аст, ки ҳамкориҳо дар ин самт миёни мардум тақвият бахшида шуда,ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои умумии оштинопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, махсусан дар байни ҷавонон баргузории корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ аҳмияти ҷиддӣ зоҳир намоем.