АНДЕША. Артиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами Истиқлолияти кишвар буда, дар умри кӯтоҳаш нигоҳ накарда имрӯз дар байни дигар артишҳои кишварҳои ҳамсоя мавқеи устувори худро касб намудааст. Аз ин хусус мо ба пуррагӣ метавон гуфт, ки Артиши кишвар аз уҳдаи ҳимояи марзу буми мамлакат бо сари баланд мебарояд. Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Олии мамалакат Президенти кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар Паёми навбатӣ нисбати ҷалби ҷавонон ба даъвати ҳарбӣ хело тағйироту иловаҳо пешбинӣ карда шуд, ки боиси дастгирии аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид. Зеро дар вохӯрию суҳбатҳо иброз менамоянд, ки фарзандони мо аз мактаби мардонагӣ гузаранд, зеро ки дар ҷомеаи навин эҳтирому ҳурмати волидонро ҷавонони имрӯза аксарашон ба ҷо намеоранд. Қисман волидон хоҳиши ихтиёран фиристодани фарзандонашонро ба хизмат ҳастанду пайрави Пешвои миллатанд.Имрӯзҳо шароити хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ба куллӣ хуб шуда, сатҳу сифати шароитҳои онҳо беҳтару хубтар шудаанд. Барои ҷавонони содиқи кишвар хизмат кардан боиси ифтихори баланд мебошад. Ҳамин аст, ки рӯз аз рӯз Артиш бо техникаю таҷҳизотҳои мудофиавии ҳозиразамон муҳайё карда шуда, пеши ҳамаи ҳаракатҳои ифротию бадхоҳон дар сарҳадот гирифта шуда баҳри оромию осудагии сокинони мамлакат заҳматҳои шабонарӯзи мебаранд.
Рӯзи таъсисёбии Артиши миллиро ба тамоми афсарону сарбозони кишвар муборакбод мегӯям.
Каримзода Пирмуҳаммад Афғон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара