ХОВАЛИНГ. Сокинони деҳаи Зардакии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг солҳои зиёдест, ки аз набудани роҳи тахту ҳамвор душворӣ мекашиданд.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зардакӣ” Ҳотам Эмомов соли дуюм аст, ки барои азнавсозии роҳи деҳа ҷаҳду талош менамояд. Кӯшишҳои ӯ барабас нарафтанд. Ӯро сокинони маҳалла, соҳибкорони ҳимматбаланд ва шахсони саховатпеша якдилона дастгирӣ намуданд. Меҳнати дастаҷамъонаи мардум самараи нек дод. Алҳол корҳои сохтмону азнавсозии роҳ босуръат ва сифати баланд давом дорад. Роҳсозон, ки онҳоро Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, идораи роҳсозӣ ва соҳибкор Ҳабибулло Одинаев ба техникаҳои зарурӣ таъмин намудааст, то имрӯз ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ корҳоро азхуд намудаанд.
Аҳли деҳа дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” кӯшиш доранд, ки 5 километр роҳи деҳаро дар муҳлати муайянгардида сохта ба истифода диҳанд.
Ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Зардакӣ” ва раиси он Ҳотам Эмомов барои дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва раисони он намунаи ибрат аст.