БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат моро ба фардои нек раҳнамун мекунад!

БОХТАР. Тибқи нақшаи баргузори вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонатбонки вилоят» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Раҷабализода Парвиз ва Қаҳҳоров Искандар  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст,  Қаҳҳоров Искандар оид ба нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, қайд намуд, ки Пешвои миллат зимни Паёми худ зикр карданд, ки дастуру супоришҳои имрӯза пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд.

Ҳамзамон, кормандони ҳамаи соҳаи кишвар тамоми қувваю ғайрати хешро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, равона намуда, барои ободию шукуфоии Тоҷикистон пайваста талош кунанд, то ки сулҳу амонӣ дар фазои кишвари маҳбубамон ҳамеша танинандоз бошад. Бо шарафмандӣ ва шуҷоат дар пайи Савганду вафо ба халқу Ватани худ кору фаъолият  бояд кард.

Дар охир ба як қатор кормандони ташкилоти номбурда  билетҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg