АНДЕША. Пеш аз ҳама бояд қайд намуд,ки ҳамаи Паёмҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури раҳнамоест, ки воқеан ҳам моро ба худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ҳидоят менамояд.
Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муайянкунандаи стратегияи миллии давлат буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, нақшаҳои рушди устувори минбаъда, вазифаю мақсад ва марому роҳҳои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта роҳандозӣ карда мешавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи дастоварду пешравиҳо, корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми соҳибкорон, моликияти хусусиро муҳим арзёбӣ намуда, ба онҳо додани имтиёзҳои навро зарур мешуморад. Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи мамлакат дар ҳоле ироа гардид, ки тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ барои сазовор истиқбол намудани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд.
Дар Паёми имсола дар бораи тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат муфассал ибрози назар намуда, вазифаҳои минбаъдаи давлату ҳукумати Тоҷикистонро барои як сол ва солҳои оянда мушаххасан баррасӣ намуданд.
Сарвари давлат зимни ироаи Паёмашон иброз намуданд, ки “истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум афзоиш ёфт, ки ин барои беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд. Инчунин, боиси ифтихору сарафрозист, ки аз ин пас бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мувофиқи хоҳиши худашон ба муассисаҳои олии кишвар бе имтиҳон қабул карда мешаванд.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Дар зарфи ду соли охир дар Тоҷикистон 145 ширкати нави сайёҳӣ иҷозатномаи фаъолият гирифта, дар маҷмӯъ, 224 ширкат вориди бозори сайёҳии мамлакат гардиданд.
Чи тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон зикр намуданд, ки «Имрӯз дар ҷаҳон сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт ва бо суръати баланд рушдёбанда маҳсуб ёфта, бо дарки мавқеи ин соҳа дар иқтисоди миллӣ мо рушди соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян карда, солҳои 2019 – 2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудем».
Дар Паём дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, иқтисод, саноат, хоҷагии қишлоқ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, таъминоти иҷтимоӣ, варзиш, занон, ҷавонон, сайёҳӣ ва сиёсати хориҷӣ таҳлилу вазифагузориҳо гузошта шуд,ки ҳамаи онҳо моро ба ояндаи неку дурахшон, зиндагии серу пур дилпур мегардонад.
Бо боварии комил гуфта метавонем,ки Паёми ироагардидаи Пешвои миллат ва таъкиду суханрониҳои ифтихории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи таҷлили ҷашни таърихӣ ва бошукӯҳи миллӣ 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми сарбаланди кишвар ҳар гӯшаи меҳани азизу ҷоноҷонамонро аз ин ҳам ободтару зеботар гардонида, Ватанамонро ба як гӯшаи воқеан ҳам биҳиштосо табдил хоҳанд дод.
Раҳимзода Сафармуҳаммад Абдураҳмон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ