ХОВАЛИНГ. Дар майдони марказии ноҳияи Ховалинг дар байни ҷавонони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳанг” ва “Омӯзишгоҳи № 13” мусобиқаи варзишии футбол гузаронида шуд.
Пеш аз оғози мусобиқа Исфандиёр Саидмаҳмудов мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуда, қайд кард, ки варзиш гарави саломатӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки мо минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳем.
Мусобиқаи футболбозон ба ҳисоби 4 бар 2 ба ҳисоби футболбозони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзишгоҳи №13” ба анҷом расид.