![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/5%281%29.jpg?itok=4RkgdRDq)
НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рушди манотиқи кӯҳистон” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Саравал Хайруллозода Баҳодур мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак атрофи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд, ки бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуданд.
Дар идомаи мулоқот вобаста ба сарфакорона истифода намудани неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин бо мақсади таъмини амнияти кишоварзӣ андешаронӣ карда, иштирокдоронро ба амалҳои созандаву таъмини зиндагии шоиста роҳнамоӣ карданд.