НОРАК. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ва аъзои бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони деҳаи Далдахурони Ҷамоати деҳоти Пули сангини шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Сараввал Фирдавс Ғафурзода роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” атрофи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд, ки соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни сисолагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуданд.
Бо истифода аз фурсат, ба хурду бузурги Тоҷикистон, аз ҷумла ба соҳибкорону шахсони саховатманд барои фаъолияти софдилона ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ баён менамоям.
Соли 2020-ум, ҳамчунин, бо рӯйдодҳои басо муҳимму хотирмони худ ба таърихи давлатдории миллии мо ворид гардид. Сипас мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур ба сухан баромада, қайд намуд, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатиашон чунин изҳор доштанд: “Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд.
Дар натиҷа танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки боиси хеле коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид.
Инчунин, дар идомаи мулоқот вобаста ба сарфакорона истифода намудани неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин бо мақсади таъмини амнияти кишоварзӣ андешаронӣ карда шуда, иштирокдоронро ба амалҳои созандаву таъмини зиндагии шоиста роҳнамоӣ карданд.