БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОИНОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД !!!

ВОКУНИШ. Мусаллам аст, ки пас аз  барҳам  хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки  дар  раванди  он  пас аз чанде Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  (ИДМ)  таъсис  дода шуд ва дар  мавсими оғози  соҳибистиқлолият  дар  як қатор  ҷумҳуриҳо, алалхусус Тоҷикистони мо яқинан  ба  сатҳи  иҷтимоӣ  ва  иқтисодии  зиндагии  мардум  таъсиргузор  гашт.

Замони барқарор гардидани давлати ҳуқуқбунёди соҳибистиқлол, гузаштан  ба  шаклҳои нави қонунгузорӣ дар шароитҳои мураккаби  ҷамъиятӣ  ҷараён  мегирифт  ва табиист, ки сатҳи ҷинояткорӣ, падидаҳои  номатлуб  ба  тағйирёбии  хусусият  ва  сифати он ба низоми ҷамъиятӣ, истеҳсолот, тақсимоти неъматҳои моддӣ, маданият ва иҷтимоиёти  ҷомеа  таъсир  расонид.

Ин ба он оварда расонид,ки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор бо қувваҳои  сиёсӣ дохил шуда, фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти  давлатиро  фалаҷ  гардонида, бо роҳи  фишору  зуроварӣ  соҳаҳои  иқтисодиёт  ва  арсаи  сиёсиро  зери  назорат  мегирифтанд.

Дар  ҳодисаҳои  маълуми  сиёсии солҳои 90-ум,ки кишварро ба  даргириҳои  муқовимати шаҳрвандӣ  оварда расонид, микдори  зиёди  аслиҳа  ба  дасти  гурӯҳҳои   ҷинояткорон   афтод, ки  онҳо  аз вазъияти басо ногувори  кишвар  истифода  бурда,  бар  хилофи  сохти  давлатдорӣ  нисбат ба аҳолии осоишта ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин чун таҷовӯз, одамкушӣ, роҳзани, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, ифротгароӣ  ва  амалҳои  террористӣ   содир менамуданд.

Дар ин давраи ҳасосу хатарафзо барои миллати тоҷик,  ташкилоти  террористии  ҳизби  наҳзатиҳо  ошкор намекард, ки дар хорича  пуштибон  доранд  ва  нақшаҳои хоҷагони худро алайҳи  халқи  тоҷик  амалӣ  менамояд.         Ташкилоти террористии ҳизби наҳзат  худро бо ҳар баҳона сафед кардани  шуда, то  имрӯз  аз  номи  дини  поки  Ислом  баромад  мекунанд.

Айни замон мусаллам ҳаст,ки душманони миллати тоҷик тариқи роҳҳои пинҳонӣ  бо маблағгузориҳои ҳангуфт,  минбархои таблиготиро дар  ихтиёри террористоне чун Кабирию пайравонаш мегузоранд ва баҳри расидан  ба  ҳадафҳои  ниҳои  худ барномаҳоро  роҳандозӣ   мекунанд.

Чӣ тавре,ки ба ҳамагон маълум аст, чанде пеш аниқтараш санаи 8 феврали соли ҷорӣ  бо  дарназардошти ҳама гуна ҷиноятҳои роҳбари наҳзатиҳо  Муҳиддин   Кабирӣ  аз  ҷониби  Суди  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавсуф  ғоибона маҳкум карда  шуда  тибқи  16  моддаи  Кодекси  ҷиноӣ  айбор  карда  мешавад,ки  инро  бояд ҳатман мардум, махсусан ҳамватанони зизи муҳоҷирамон,ки муваққатан берун аз ватананд дониста  ба  пайравӣ  аз  ин  хоин  миллату  ватан дурӣ  ҷӯянд.

Маҳз давлати Тоҷикистон  дар  давоми  29 соли охир, хусусан аз солҳои 90-уми  асри  гузашта  то ин чониб, ба масъалаҳои мубориза  бар зидди  экстремизм  таҷрибаи  калон  ба даст овардааст.

Тавре  медонем, аз  нахустин давраҳои  рушду такомули ҷомеа  бар зидди ҷинояткорон муборизаи  беамон  мебарад.

Зеро  ҷиноят  ва  ҷинояткорон   дар тасаввур  ҳамчун амали манфӣ накш бастааст.

Экстремизм  раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои  сиёсӣ  ва  ҳатто  аз тарафи баъзе давлатҳо созмон  ва  дастгирӣ  меёбанд, дониста мешавад.

Ифротгароӣ  изҳори  фаъолияти ифротии шахсони хуқуқӣ ва воқеӣ барои даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани  нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ  ва ба  ин монанд амалҳоро дар бар мегирад.

Махсусан, ифротгароии дини фаъолияти аз нигохи дини никобпушониест, ки ба зури дигаргун сохтани сохти давлатӣ  ё  ғасби зӯроваронаи  ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ   ва  тамомияти  арзи давлат  ва  ба  ин  мақсадҳо  ба  амал  овардани душманию бадбинӣ мебошад.

Аз ин нуқтаи назар як қатор ҳамватанони азизи мо, алалхусус  муҳоҷирони азиз,ки бо мушкилотҳои будубош дар қаламрави ФР қарор доранд, бояд донанд,ки бартараф намудани мушкилотҳо танҳо бо роҳҳои дипломатии   байни  давлатҳо ҳаллу фасл мегардад на аз ҷониби ташкилотҳои  экстремистиву ифротие,ки  давлати муқобил онҳоро ба расмиёт  намешиносад.

Имрӯз ин хоинону ифротиён  аз мушкилотҳои бар сари миллати мо пеш  омада  маккорона  истифода  бурда истодаанд.

Худо накунад,ки  агар  ТЭТ  ҲНИ  ба  сари қудрат  ояд, чӣ  оқибату  балоҳоро  ба  сари халқ миллат  ва  Ватани  азизамон  меоварад.

 Маҳз бо ҳамин мақсад ҳам аз  чониби  иддае  аз  ташкилотҳои  экстремистиву ифротгаро, ҲНИ ва Гурӯҳи 24  барои  пахн намудани акидахои  экстремистӣ  ва  ифротӣ  сайтхои  интернетӣ  истифода  мешавад, ки  дар  онхо  баёнияҳо, паёмҳои  роҳбарият ва фаъолони  он  ба  халқу миллати   точик   нашр   мешавад.

Фаромӯш  набояд  кард,ки барои  сомонаҳои   ифротии  нахзатӣ  миллат  ва  халқу  ватан арзише  надоранд.

Онҳо  аз  ин  истилоҳот  танҳо барои ба ҳадаф расидан суйистифода мекунанду халос ва кӯшиш мекунанд, ки бо тӯҳмату бӯҳтон давлату миллатро  сиёҳ  кунанд.

Аммо ин хоинони мазҳабфурӯшон, фоҳишаҳои сиёсии динӣ бояд донанд,ки аксарияти миллати тоҷик , ниятҳои нопоку разилонаи Шумо бадбахтҳоро дониставу алайҳи Шумо омодаанд,ки истодагарӣ намоянд ба ҳама сафсатаҳои Шумо хоинони миллату давлат бовар накарда имону Ватанашонро ҳифз хоҳанд кард.

Медонанд,ки ниятатон ҳаром аст;

Шамшери нек, зи оҳани бад чун кунад кас,

Нокас ба тарбият нашавад, эй ҳоким кас.

Борон,ки дар латофати таъбаш хилоф нест,

Аз боғ лола рӯяду аз шӯразор хас.

Муҳаммаддовуд  Муҳаммадалӣ, раиси  Кумитаи  Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg