КӮШОНИЁН. Имрӯзҳо гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо сокинони ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ гузаронида истодаанд. Ин навбат бошад, гурӯҳи таблиғотӣ ба деҳаи Навкори Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия ташриф оварда, бо сокинони касбу кори гуногун суҳбатҳои сарироҳӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир намуданд.
Зимни вохӯриҳо масъулини ҳизбӣ муҳтавои Паёми навбатии Президенти кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!”, “Якҷоя ҳал мекунем” ва “Беҳтарин сарфакори неруи барқ” сокинонро даъват карданд.
Дар охири вохӯрӣ аз тарафи сокинон аксияҳои ҳизбӣ хуб пазируфта шуданд.