КӮШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол дар оромгоҳи деҳаи Пахтақайнар бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии ҳизбӣ сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳи деҳаро аз алафҳои бегона ва растаниҳои худрӯй тоза карда, дар ҳаққи гузаштагон дуои нек карданд.