БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-РОҲНАМО БАҲРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақшаи кории  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  бо мақсади баргузории вохӯрию мулоқотҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо сокинони  Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов дар деҳаи Чорбоғ вохӯрӣ доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси  ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак, Роҳбари гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Файзализода Қобил, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадаюб Шарифзода, вакилони Маҷлиси вакилони вилоят Абдиева Ойнабот ва Ҳилолӣ Рудоба иштирок доштанд.

Дар қатори дигар баромадкунандагон  раиси Кумитаи иҷроия Маҳмадаюб  Шарифзода вобаста ба самтҳои афзалиятноки Паёми Сарвари давлат фикру андешаҳои хешро баён дошта, афзуд, ки  Паёми навбатӣ  таҳлили амиқи вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакатро фаро гирифта, маҳз тавоноии миллатро аз беҳбудии вазъи иқтисодию иҷтимоӣ баҳо дода, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона карда шудааст. Инчунин, дигар баромадкунандагон низ ақидаҳои худро нисбати муҳтавои Паёми Роҳбари давлат  дар назди сокинон баён карда, ҳар як иштирокчии мулоқотро барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg