БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муқовимат бар зиди гурӯҳҳои ифротӣ дар ҷомеа аҳамияти калон дорад

БАЛҶУВОН. Тибқи   нақшаи  корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи   Балҷувон   дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаи Барқ” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  вохӯрӣ доир гардид.

Масъулин дар назди иштирокдорон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар бораи эълон намудани  соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карданд.

Инчунин, дар ин раванд  оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ суханронӣ намуда, зикр карданд, ки мақсади баргузории вохӯрӣ дар якҷоягӣ бо такя ба нерӯи созандаи шумо андешидани чораҳо баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию  террористӣ, иштирок дар задухӯрдҳои  мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, пешгирии содиршавии ҳар гуна ҷиноят ва қонуншиканӣ аз тарафи ҷавонон, пешгирии ҳодисаҳои  номатлуби  худкушӣ  ва суиқасд ба ҷони худ, тақдири кӯр-кӯронаи либоспӯшии ба фарҳанги мо бегона мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg