ҚУБОДИЁН. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади баргузории вохӯрию мулоқотҳо ва расонидани нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол дар деҳаи Доққӣ дар Гимназияи давлатии №2-и ноҳияи Қубодиён вохӯрӣ доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак, роҳбари гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Файзализода Қобил, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб Шарифзода, вакили Маҷлиси вакилони вилояти Хатлон дар ноҳияи Қубодиён Абдиева Ойнабот ва Ҳилолӣ Рудоба иштирок ва баромад карданд.
Гурӯҳи корӣ зимни суҳбат бо сокинон дар бораи нуктаҳои муҳими Паёми имсола андешаронӣ карда, иброз намуданд, ки Паёмҳои Сарвари давлатро ҳамеша таҳлили амиқи вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат фаро гирифта, маҳз тавоноии миллатро аз беҳбудии вазъи иқтисодию иҷтимоӣ баҳо дода, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дастуру супоришҳо дода шуд.