БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: СОҲИБКОРӢ РУШД МЕНАМОЯД

АНДЕША. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми мо аз ҳар вақта муҳимтар аст. Зеро мо дар остонаи ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон қарор  дорем. Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳаҳои фаъолияти кишварро дар бар гирифта, чун санади роҳнамо ба татбиқи тадриҷии  ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла беҳтар намудани шароити иқтисодию иҷтимоӣ ва маърифатнокии аҳли ҷомеа нигаронида шуда, ба таҳлилҳои амиқ натиҷагириҳои асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас тамоми соҳаҳои давлатдориро равнақ мебахшад.

Соли гузаштаи 2020 бо ҳамаи душвориҳояш - шароити хоси иқтисодӣ, пандемияи Ковид 19 собит сохт, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод  намудани Ватани азизамон  ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон нерӯ, имконияту қувва, таҷриба ва шароиту захираҳои заруриро  дорем.  Дар соли сипаригардида иқтисодиёти кишвар 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82, 5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0, 8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19, 8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

Беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ дар Паём яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ  дониста шуд. Ба мақсади рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ба мақомотҳои дахлдор супориш дода шуд, ки минбаъд ба расмиятдарории фаъолияти сармоягузориро тавассути пурра ҷорӣ намудани низоми электрониву рақами амалӣ созанд ва фаъолияти марказҳои хизматрасониро ба соҳибкорону сармоягузорон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монанд. Зеро саҳми хусусӣ дар иқтисодиёти кишвар сол то сол бештару бештар мегардад. Ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ соли 2020 70 фоиз ва дар таъмини ҷойи кор 68 фоиз  ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат 80 фоизро  ташкил дод.

Ба мақсади боз ҳам рушд намудани соҳибкорию  сармоягузорӣ супориш дода шуд, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ бинобар қонунигардонии  маблағҳо ва дигар дороиҳо авф гузаронида шавад. Инчунин, барои аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон супориш дода шуд, ки лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия  намуда,  ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки Кодекси андозро дар таҳрири нав бо дарназардошти сабук гардонидани  пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкори истеҳсолӣ ба анҷом расонида, то моҳи март ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.  

Ҳукумати   мамлакат  бахши  хусусиро  дар  “Стратегияи  миллии  рушд   барои  давраи  то  соли   2030”    ҳамчун     нерӯи   пешбарандаи  рушди босуботи   иқтисодӣ,  воситаи   асосии  таъмин   кардани   ҳадафҳои   миллӣ ва  дар  ин  замина  муҳайё  намудани   шароит  ҷиҳати   зиндагии   арзандаи  мардум   муайян  кардааст.

Мо соҳибкорон аз таваҷҷуҳи  Президенти мамлакат ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳу илҳоми тоза гирифта,  дар рушду тараққиёти Ватани азизамон -Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорем.        

Зафар Давлатов, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг, соҳибкор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg