БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ШӮРОИ СОБИҚАДОРОНИ ҲХДТ ДОИР ГАРДИД

ДӮСТӢ. Маҷлиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид. Дар Шӯрои мазкур ду масъала шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз аъзогии  собиқадорони ҲХДТ хориҷ намудани нафароне, ки аз ҳудуди ноҳия берун рафтан ё вафот кардаанд ва қабул намудани аъзои нав дар ҳайати собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ барраси карда шуд.

Вобаста ба масъалаи якум  раиси собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Сафарзода Мирзосафар сухан намуда, қайд кард, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 26.01.2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, барои ҳар яки мо дастурамали корӣ ва роҳнамои минбаъда ба ҳисоб рафта, дар он сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми масъалаҳои рӯзмараи ҳаёти ҷомеа инъикос ёфтаанд.

Хусусан, дар ин Паём ба қишри осебпазири ҷомеа, маъюбон таваҷҷуҳи хосса дода шуда, нафақаи кӯдакони маъюби то синни 18-сола 20% ва маъюбони гурӯҳи якум 50% зиёд карда шуд, ки аз ҷониби аҳолии мамлакат бо хушҳолии баланд пазируфта шуд.

Сипас, Сафарзода Мирзосафар  иброз дошт, ки вазифаи мо собиқадорон дастгирии сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат буда, вазифадор мебошем, ки Паёми Пешвои миллатро ба мардуми маҳал шарҳу тавзеҳ дода, дар ободии Ватан саҳм гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg