БАЛҶУВОН. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ба сокинон ҳамрӯза миёни омма суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодааст.
Мулоқоту вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми имсола ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар якҷоягӣ бо сархатиб ва эмомхатибони масҷидҳои ноҳия баргузор карда шуд.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки ҳар як узви ҲХДТ-ро зарур аст, ки барои татбиқи самтҳои афзалиятноки Паёми навбатӣ, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои созандаи ҳизб ва амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ заминагузор бошад ва дар самти бунёдкорию созандагӣ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни пурифтихори миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузорӣ намояд.