БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР АМАЛ ТАТБИҚ ГАРДИД

Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Ҷамоати деҳоти Маданият дар оромгоҳи деҳаи Қазоқон бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» баргузор гардид.

Дар ин чорабинии ҳизбӣ иштирокдорон бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар ба корҳои ободонӣ баромада, дохил ва атрофи оромгоҳи мазкурро аз алафҳои худрӯйи хушкшуда ва партову шоху навдаҳои хушки дарахтон тоза карданд. Ин иқдоми неки ҳизбиён аз ҷониби  сокинон бо хушнудӣ пазируфта шуда, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки шод намудани руҳу арвоҳи гузаштагон яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб рафта, мо ҳамеша омодаем  дар чунин корҳои хайру созандагӣ ширкат намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg