БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи асосии мо суботу оромӣ ва зиндагии шоистаи мардум мебошад

А.ҶОМӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади фаҳмонидани самтҳои афзалиятнкои  фаъолияти  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон, дар мавзӯъҳои  тарғибу татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, рушди ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018, ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ, истифодаи самараноки  нерӯи барқ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо  бо иштироки  сокинони  маҳаллаи ба номи Нусратуллои Махсуми ҷамоати деҳоти Яккатут  вохӯриву  суҳбатҳои  судманд  баргузор  гардид. 

Зимни  суханронӣ  раиси  Кумитаи  иҷроияи     ноҳиявии  ҲХДТ Муҳаммадовуд  Ҳалимов оид ба самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ муфассал маълумот дода,  қайд кард, ки тибқи Қонунҳои миллии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тамоми кӯшишу ғайратро  ба харҷ диҳем.

Дар охир Муҳаммадовуд Ҳалимов вохӯриро ҷамъбаст намуда, ҳозиринро бахшида ба эълон гардидани соли 2018, ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, ҷамъомадагонро ба якдиливу якдигарфаҳмӣ ва ҳифзи марзу буми Ватани азизи хеш даъват намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg