БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ ЯК СОЛ

Имрӯз фаъолияти Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2020 ҷамъбаст гардида, нақшаҳо барои соли 2021 муайян гардиданд.
Дар Маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ширкат доштанд.
Дар Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон 5 масъала: натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021; тасдиқи нақшаи чорабиниҳо дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҳисоботи Гурӯҳи вакилони ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон; тасдиқи Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои соли 2021 ва баъзе санадҳои дигар; тасдиқи фармоиши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз рӯи масъалаи якум «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021» раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода гузориш дод. Аз ҷумла дар баромади ӯ қайд шуд, ки “соли 2020 барои мо – ҳизбиён давраи басо ҳасос ва масъулиятпазир, – имтиҳоне буд, ки аз ҳар як узви ҳизб, бахусус сохторҳои ҳизбӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва масъулияти хосса талаб намуд. Хушбахтона, ин имтиҳонро аҳли ҷомеаи кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон тавонистанд, ки бо сарбаландӣ гузаранд. Ҳизбиён бошанд, дар ҳар ду маърака низ ба музаффарият ноил гардиданд. Албатта, дар ин дастовардҳои сиёсӣ саҳми аъзои ҳизб, бахусус аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон хеле назаррас аст.
Аз рӯи сифати узвият ба ҳизб дар соли ҳисоботӣ нисбат ба соли 2019 пешрафт ҷой дорад. Дар давраи ҳисоботӣ 3890 нафар ба аъзогии ҳизб қабул карда шуд, ки мутаносибан ба 106 % баробар аст. Иҷрои буҷети Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба ҳолати 31 декабри соли 2020 бо 104 % афзоишёбӣ ҷамъбаст карда шуд”.
Ҳамчунин Миралиён Қиёмиддин иброз дошт, ки ҳамчун навоварӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва таҳкими низоми идоракунӣ дар соли 2020 дар вилоят Рейтинги фаъолияти ҳизбӣ ҷорӣ карда шуда, ҳар семоҳа аз рӯи 6 нишондиҳанда ба роҳ монда шудааст.
"Дар давраи ҳисоботӣ бинобар пеш омадани ду омил - маъракаҳои интихоботӣ ва пандемияи коронавирус теъдоди зиёди чорабиниҳои амалию оммавӣ гузаронида шуданд, ки дар қиёс даҳо маротиб бештар нисбат ба соли гузашта арзёбӣ мегардад.
Дар соли 2020 вобаста ба такмили сатҳи донишу ихтисос ва малакаи кормандони ҳизбӣ 996 семинар-машваратҳо баргузор карда шуданд, ки мутаносибан 19 маротиба зиёд мебошад.
Дар самти сиёсати ҷавонон корҳо тақвият ёфта истода, фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва фаъолияти волонтёрӣ дар вилоят бомаром рушд ёфта истодааст.
Нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ», ки минбари иттилоотии ҳизб буда, пайваста шаҳрвандон ва ҷонибдорони ҳизбро бо иттилои расмӣ ва таҳлилию роҳкушо фаро мегиранд, дар соли 2020 самти сифатан нав касб намуданд. Имрӯз дар вилояти Хатлон 37250 нафар ба «Минбари халқ» ва 19200 нафар ба «Ҳамрози халқ» обуна мебошанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мо ҳизбиён мебошад", иброз дошт М. Қиёмиддин.
Изҳори фараҳмандӣ намуд, ки соли 2020 зимни як ташрифи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон 4 бинои маъмурӣ барои кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Восеъ ва Ш.Шоҳин ифтитоҳ гардиданд, ки дар таърихи ҳизб ҳамто надорад.
Миралиён Қиёмиддин бо таъкид иброз дошт, ки мо ҳар кадом уҳдадориҳои хоси ҳизбӣ дорем, ки дар ҳошияи татбиқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти ҳизб ба амалисозии ҳамагуна ташаббусҳои ҳизбӣ мебояд фаъол бошем.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис – тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба талқини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ суханронӣ карда аз ҷумла иброз дошт, ки давоми 30 сол Тоҷикистон новобаста аз мушкилоти ҷойдошта пеш рафт ва тараққӣ кард. Дар ҳамаи ин дастовардҳо саҳми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо беназир аст. Мо миллати хушбахтем, ки Худованд ба мо чунин Пешворо лоиқ дида, ки ин на ба ҳар халқу миллат муяссар мешавад.
Дар масъалаи сеюми маҷлис –ҳисоботи роҳбари Гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Абдусаломзода Мунаввар шунида шуд.
Масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис – тасдиқи самтҳои асосии фаъолият ва Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр шуд, ки нақшаи корӣ аз рӯи 10 самт: такмили низоми идоракунӣ; ташаккули низоми электронии фаъолият; Таҳкими низоми узвият дар ҳизб; ташкили ниҳодҳои ёрирасон ва хоҷагидорӣ дар бахши тарғиботӣ; татбиқи аксияҳои ҳизбии "Якҷоя месозем!"; таҳкими фаъолияти ТҶ "Созандагони Ватан" ва рушди хизматрасониҳои волонтёрии ҳизбӣ; тарғиби татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ оид ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо; муқовимат бо коронавирус ва мусоидат ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ; дастгирии ҳуқуқию иҷтимоии шаҳрвандон, бахусус зимни муҳоҷирати меҳнатӣ; васеъ гардонидани доираи фарогирии нашрияи ҳизбии "Ҳамрози халқ" ва такмили муҳтавои он дар шароити ҷомеаи муосир – ва 100 банди чорабиниҳо омода карда шудааст.
Дар идома узви Раёсати Кумитаи Марказии ҳизб, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор суханронӣ карданд. Дар баромади Раиси вилоят аз аз ҷумла зикр шуд, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нисбат ба дигар аҳзоби сиёсӣ бонуфуз ва пешқадам буда, ҳамеша дар канори халқ аст. Дар амалӣ шудани ҳадаф ва мақсадҳои дар пешгузоштааш сайъ намуда, зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» дар пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзанда мегузорад. Бояд эътироф намуд, ки ташаккули мафкураи давлатӣ аз чигунагии идеологияи ҳизби ғолибу ҳукмрони он вобастагии амиқ дорад. Имрӯз дар баробари мақомоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти ташаккули маънавиёти ҷомеа бар зиммаи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон низ гузошта шудааст ва ин дуруст ҳам ҳаст”.
Дар идома муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар баромади худ баробари дастоварҳо ҳамчунин, атрофи баъзе проблемаҳои ҷомеа низ суханронӣ карда, таъкид дошт, ки дар ҳалли онҳо мо ҳизбиён бояд фаъол бошем. Аз ҷумла афзоиши ҷудошавии оилаҳо, вазъи ҷинояткорӣ, худкушӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои эктремистиро мисол овард.
Ҳамчунин илова кард, ки дар пеш моро ҷашни бузурги таърихӣ – 30 солагии Истиқлоли давлатӣ истодааст ва ҳар яки мо бояд дар таҷлили ин санаи таърихӣ фаъол бошем.
Масъалаҳое, ки ба маҷлис пешниҳод гаштанд, ҳамаи онҳо баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд ва дар интиҳо як қатор фаъолон, ки дар татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ саҳми муносиб доштанд, дар вазъияти тантанавӣ бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҲХДТ қадршиносӣ шуданд.
 
Шуъбаи иттилоот ва матбуотии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg