АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26.01.2021 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа нахуст вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи мо ҳизбиёнро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт.
Ҳамзамон, Пешвои миллат дар назди вакилони халқ, Ҳукумат ва фаъолони ҷомеа ҷиҳати тақвияти дастовардҳои соли гузашта як қатор вазифаҳои муҳимро гузоштааст, ки мо сохторҳои ҳизбӣ метавонем, дар иҷрои аксари ин дастурҳо саҳми бориз гузорем.
Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои дар он зикр шуда, аз ҷумла соҳаҳои муҳимми ҷомеа -молия, андоз, саноат, иқтисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, экология, сайёҳӣ ва рушди деҳот, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон, ҳуқуқу волоияти қонун, амнияти миллӣ, гумрук ва сиёсати хориҷӣ таҳлил ва дар доираи онҳо вазифаҳо барои соли 2021 мушаххас гардиданд.
Вазифаи мо ҳизбиён аз он иборат мебошад, ки шарҳу тавзеҳи онро дар миёни аҳолӣ ба таври густурда ба роҳ монда, халқро ҳамчун неруи бузурги пешбарандаву ободсоз барои анҷоми вазифаҳои муайяншуда сафарбар намоем.
Тавре Пешвои миллат қайд намуданд: “Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад”.
Чунончӣ қайд гардид, бо вуҷуди монеаҳои гуногун дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, хусусан пайдоиши бемории коронавирус халқи сарбаланди тоҷик бо иродаи мустаҳкам ва меҳнату заҳматҳои софдилона тавонист мушкилиҳоро пушти сар намояд. Дар чунин марҳилае, ки тамоми ҷаҳон иқтисодиёти моро аз муҳоҷирати меҳнатӣ вобаста медонистанд, соли гузашта беш аз 80% муҳоҷирони меҳнатии мо бо сабаби баста будани роҳҳои заминиву ҳавоӣ натавонистанд ба хориҷ сафар кунанд. Натиҷаҳо нишон дод, ки дар дохили кишвар низ ҳазорҳо ҷойи кори холӣ чи дар самти меъморӣ, хоҷагидорӣ, кишоварзӣ, бозаргонӣ, маъмурӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра ҳастанд, ки мутахассисони боистеъдоро тақозо мекунанд. Хушбахтона, миллати тоҷик аз азал миллати боистеъдод аст ва моро лозим аст ин истеъдоди азалиро бо шавқу завқи баланд ба зиндагии арзанда амалӣ созем.
Масъалаи дигари дар Паёми имсола баррасигардида ин раванди рушд, ҳолати кунунӣ ва роҳҳои ташаккули иқтисоди миллӣ мебошад. Дар ин самт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд”. Ин суханон ҳар як фарди бонангу номуси Ватанро водор месозад, ки дар рушди иқтисоди миллӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки номбаршуда саҳм гузорад.
Дар Паёми навбатӣ вобаста ба соҳаи энергетика талафоти зиёни неруи барқ изҳори нигаронӣ карда шуд. Пешвои миллат мушаххас қайд намуданд, ки “Дар ин давра (солҳои соҳибистиқлолӣ) зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллиард киловатт - соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт - соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд. Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, ки бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо неруи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад”.
Ҳамзамон вобаста ба рушди соҳаи роҳсозӣ Пешвои миллат мужда доданд, ки Тоҷикистон пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад ва оянда диққати бештар ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ равона карда мешавад.
Дар Паём рушди сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардида, Пешвои миллат дастовардҳои соҳаро дар муддати се соли охир баҳои баланд доданд: “Дар ин раванд, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардид”. Дар Паёми Пешвои миллат дастовардҳои шоёни соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ арзёбӣ гардида, барои дар оянда боз ҳам ривоҷу равнақ бахшидан ба ин соҳаҳо дастуру ҳидоятҳои нек ироа гардид. Чуноне зикр гардид, “Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад”. Тавре дар идома Пешвои миллат қайд намуданд: “...зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем”.
Ҳамчунон масъалаи раванди бомароми ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар Паёми Пешвои миллат зикр гашта, қайд гардидааст, ки “Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям”. Ин арзи сипоси Пешвои миллат масъулияти кормандони соҳаи тандурустиро даҳчанд баланд намуда, шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи давлату ҳукумат ба рушди соҳа мусоидат менамоянд. Аз-уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон то 20% ва маъюбони гурӯҳи якум то 50% зиёд карда мешаванд. Ҳамаи ин ва дигар рақамҳое, ки вобаста ба рушди соҳа гуфта шуд ниҳоят умедворкунанда буда, баҳри татбиқи онҳо фаъолияти дастҷамъонаи аҳли ҷомеа зарур аст.
Дар Паёми Пешвои миллат ба таври бесобиқа вобаста ба мавқеъ ва нуфузи баланди занон дар ҷомеа ибрози андеша карда шуд. Чуноне зикр гардид: “Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад” ва ҳамчун намуна аз нақши занон дар рушди соҳаҳои гуногун – аз сиёсат сар карда то маорифу саноату кишоварзӣ ва татбиқи қонунҳои миллӣ бо факту рақамҳо мисол оварда шуд.
Самти ҷавонон ва варзиш дар Паёми Пешвои миллат мавқеи марказиро ишғол мекард. Тавре Пешвои миллат қайд намуданд: “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад”. Рӯҳбаландкунанда аст, ки агар дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ мо камтар аз ҳазор муассисаи варзишӣ доштем, ҳоло ин шумора 10220 ададро ташкил медиҳад ва дар маҷмуъ барои ҷавонон шароитҳои ба мартиб беҳтар чи дар самти илмомӯзӣ ва чи дар самти дастрасӣ ба техникаву технологияи муосир фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, Пешвои миллат иброз доштанд, ки; “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст”.
Қисмати ниҳоии Паёми имсоларо ҳифзи амният, тартиботи ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки дар рафти он Пешвои миллат чунин қайд намуданд: “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем”. Бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт Прокуратураи генералӣ вазифадор карда шуд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.
Дар самти сиёсати хориҷӣ бошад, таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.
Бо назардошти ин зарур аст, ки дар амалӣ намудани ҳама он ҳадафҳои неку созанда, ки аз муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем.
Неъматулло Иброҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар