БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИН НАМУДАНИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ КАФОЛАТИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИСТ

ШАҲРИТУС. Бо мақсади татбиқи дастур супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатӣ бармеояд, дар ташкилоти ибтидоии “Баҳористон”-и  Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус дар доираи Аксияҳои ҳизбӣ корҳои зироаткориву мулоқоти судманд анҷом дода шуд.

Пеш аз корҳои хочагидорӣ намояндагони ҳизбӣ вобаста ба  Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида карда,  афзуданд, ки  Роҳбари давлат зимни ироаи Паём қайд карданд, ки натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзон ва чораҳои амалинамудаи Ҳукуматро мо имрӯз дар фаровонии маҳсулоти истеҳсоли худӣ дида истодаем. Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд. Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд. Баъдан кишоварзон аз ин иқдоми пешгирифтаи Сарвари мамлакат руҳу илҳоми тоза гирифта, ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи  Пешвои миллат  баён доштанд. Дар охир  ҷамъомадагон барои татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар- таъмини амнияти озуқаворӣ ба кишти катрошка машғул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg