ВОКУНИШ. Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман нобуд кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият ҷиҳати қабул кардани қарорҳои манфӣ мебошад».
Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад. Шукр, ки Худованди бузург марому мақсадҳои нопоки наҳзатиҳои лаънатиро ба мо тоҷикон нишон дод. Ин ҳизб худ як ҳизби террористи буда, бисёр фарзандони бо нанагу номуси миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурданд. Аламовараш ин ҷост, ки баъзан давлатҳои дӯсту шарики мо, хоса ҳукумати Эрон дар пушти ин амалҳои ноҷавонмардона меистодаанд. Ҳайфи чунин боварие, ки ба дӯстиву бародарии Эрон доштем. Ба ҷойи Эрон ягон давлати дигар ин корро мекард шояд ин қадар аламовар намебуд. Аммо Эрон, ки мо ӯро дар ҷаҳон давлати дӯсту ҳамзабону ҳамфарҳанг мегуфтем, ба ин арзишҳо хиёнат кард, ки на аз рӯи ҷавонмардист.
Хуллас, мақсади асосии ин ТЭТ ҲНИТ ва хоҷагони хориҷиаш фақат иғвогарӣ, ифротгарӣ ва нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад.
Дар зимн, ин хоинон бояд донанд, ки мо шаҳрвандони ин сарзамин сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайравӣ намуда, барои боз ҳам рушду шукуфои Тоҷикистони азиз кӯшиш мекунем.
Тоҳир Ҳошимов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ