АНДЕША. Султон Валиев. Ӯро на танҳо дар диёраш Ховалинги бостонӣ чун сиёсатмадори варзида, ҷонибдори асил ва татбиқкунандаи сиёсати сулҳҷӯёна, созанда, бунёдкорона, инсодӯстона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам ба хубӣ мешиносанд. Зиндагии Султон Валиев зиндагии ибратомӯз аст. Ӯ дар ҳама мансабҳо, аз ҷумла директори автобазаи № 14 -и ноҳияи Ховалинг, директори ғаллаи вилоят, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ховалинг, муовини аввали вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, раиси ноҳияи Восеъ ва ҳамзамон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва муовини раиси Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карданаш ба нафъи давлат ва халқи хеш меҳнат намудааст.
Дар ибтидои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ Султон Валиев дар қатори дигар ҳамсафони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, харобаҳои ҷанг, рушду тараққиёти мамлакат саҳми арзанда гузоштааст.
Парвардигор мегӯяд, Султон Валиев, - дар рӯзҳои душвортарин, рӯзҳое, ки тақдири давлату миллат ҳал мегардид, ба мардуми тоҷик дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахту имконияти таърихӣ дод. Ин ҷоннисори халқу Ватан замоне ба фаъолият шурӯъ намуд, ки ҳама да ғами ҷони худ буданд. Шоҳиди ҳолем, ки бисёриҳо дар он рӯзҳои пурхатар аз пешниҳоди вазифа, ки ба онҳо намуданд, даст кашиданд. Имрӯз мо набояд он рӯзҳоро фаромӯш созем. Нисбати хоинони миллат ва онҳое, ки мехоҳанд дигарбора зиндагии осоиштаи мардуми моро халалдор созанд, бетараф набошем.
Синну соли Султон Валиев ба ҷое расида бошад ҳам, худро дар канор намегирад. Бо гуфтор, рафтор, панду насиҳатҳои падарона дар сиёсати созандаи Пешвои миллат саҳмгузор аст. Ӯ аз он ки тамоми гӯшаю канори кишвар, дар ин қатор диёри Ховалинг ҳам ободу зебо мегардад, изҳори қаноатмандӣ менамояд. Баробар ободу зебо гардидани тамоми гӯшаю канори кишвар - Суғду Рашту Хатлону Бадахшон қолабшикании даврони Шӯравист, - мегӯяд ӯ. Дар он замон дидаю дониста ба пешрафту тараққиёти ин ё он минтақа маблағи зиёд ҷудо менамуданд ва ин ҳолат боиси норозигии сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо мегардид.
Пешвои миллат ин хатоиро ислоҳ намуд. Имрӯз ҳама аз он, ки дар дурдасттарин гӯшаю канори мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ бо суръати баланд пеш меравад, изҳори миннатдорӣ менамоянд.
Таърихи давлатдории тоҷикон шояд чунин суръати пешрафти корҳои бунёдкориро, ки дар асоси сиёсати созандаи Пешвои миллат дар даврони истиқлол сурат гирифтааст, ёд надошта бошад.
Ба ҳар гӯшаю канори кишвар сафар намоям, аз рӯз то рӯз ободу зебо гардидани шаҳру ноҳия ва шаҳраку деҳот дилам лабрези шодӣ мегардад. Бо дидани ҳамаи ин зебоиҳои кишвар шукронаи тинҷию оромӣ, шукронаи сулҳу ваҳдат, якдилию якпорчагии миллату давлат, шукронаи онро мекунам, ки Парвардигор барои мардуми азияткашидаи тоҷик фарзанди фарзонаи миллат, абардмарди сиёсат, ғамхори халқ, сулҳхоҳу сулҳпарвар, инсондӯсту инсонпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарвару роҳбар интихоб намуд.
Шак намекунам, ки бисёр халқияту миллатҳо давлати мо, миллати мо, забони шевои тоҷикӣ, ҷашнҳо ва урфу одати миллии моро бо номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд. Бинобар ҳамин шукри онро мекунам, ки чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дорем, ки на танҳо манфиатҳои давлату миллати тоҷик, балки тамоми мардуми дунёро ҳимоя менамояд.
Ман ду давраи суръати корҳои сохтмониро дар ноҳияи Ховалинг дар ёд дорам,- гуфт ӯ. Солҳои 70- уми асри гузашта дар давраи ташкили Иттиҳодияи агросанатии Ховалинг ва дар давраи омодагиҳо ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке барои пешрафти соҳаи чорводорӣ нигаронида шуда буду дуюмин барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст.
Султон Валиев ба ҳар як шаҳру ноҳия намояндаи Ҳукумат таъин намудани роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявиро як иқдоми нек ва саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад. Агар ин иқдом ва масъулиятшиносии намояндагони Ҳукумат намебуд, корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Ховалинг ҳам чунин суръати тоза намегирифт.
Имрӯз ноҳияи Ховалинг тавассути роҳбарӣ ва фаъолияти ҳамарӯзаи амалии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро симои худро ба куллӣ дигар намудааст. Маркази ноҳия ва Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ба шаҳраки замонавӣ табдил ёфтаанд.
Аз дидани биноҳои муҳташами маъмурӣ, табобатӣ, маориф, хизматрасонӣ, майдони Парчаму Нишон, ободкориҳои таги Чилчанор, Дараи Мухтор, Мазори Султон, сохтмону азнавсозии роҳҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, ки то санаи мубораки 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ шумораи онҳо ба зиёда аз 330 адад мерасад, ҳаваси кас меояд ва шукрона аз фазои ороми кишвар, шукрона аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамояд.
Дар баробари фидоии давлату миллат, сиёсати дохилию хориҷии Пешвои миллат будан Султон Валиевро хислатҳои ҳамидаи инсониаш маҳбуби ҳамагон гардонидааст.
Кас агар як бор ба ӯ ҳамсуҳбат гардад, онро дер боз дар хотир нигоҳ медорад ва хоҳиши ба ӯ дубора ҳамсуҳбат шуданро менамояд. Зеро аз суҳбатҳои пурмуҳтавояш, ки онро бо панду андарз ва суханони бузургони адаб тақвият мебахшад, ҷаҳон- ҷаҳон маъниҳо мебардорад.
Дасти кумаки ин марди саховатпеша аз рӯзҳои аввали фаъолияти меҳнатиаш, ки аз касби пуршарафи омӯзгорӣ оғоз гардидааст, ба садҳо одамон расидааст. Хусусан дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кумакҳои хайриявии ӯро, ки роҳбари кулли корхонаи ғаллаи вилояти Хатлон шуда кор мекард, сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят хуб дар хотир доранд.
Дигар хислати ҳамидаи ин марди накӯном ин аст, ки ҳеҷ гоҳ одамонро ба гурӯҳҳо ҷудо наменамояд. Ҳамаро як медонад. Дари хонаи ӯ ба рӯи ҳама кушодааст. Дасти кушодаи ин хонадонро дар ноҳия ва онҳое, ки бо сабабе ба хонадонаш меҳмон шудаанд, хуб медонанд.
Фарзандонаш ҳам номбардори падаранд. Дар пайравь бо қиблагоҳи худ ба манфиати Ватани хеш, миллати хеш хизмати софдилона менамоянд.
Хизматҳои шоистаи ба нафъи миллату давлат намудаи ин марди фидоии роҳи ҳақиқат ба ордени “Шараф” дараҷаи 1, медали “Бистсолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ифтихорномаю сипосномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шудааст.
Ба Султон Валиев, ки орзуи ягона ва доимиаш тансиҳатию хонаободии Пешвои миллат, Президенти мамлакт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи кишвар, пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азиз, пойдории сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад, танисиҳатӣ ва рӯзгори осударо таманно менамоем.
Саидҷалол Сатторов, сокини ноҳияи Ховалинг