БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ВА БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН АСТ

АНДЕША. Соли 2021 барои мо аз ҳар ҷиҳат хотирмон хоҳад буд- соли муқовимат бо пандемия, соли шиддати буҳрони молиявӣ, соли часпу талош, ҷаҳду ҷадал барои нигоҳ доштани сатҳи зиндагӣ, меҳнати бунёдкорона  ва аз ҳама муҳимаш - сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ. Аз сад соҳа, шоха, қисматҳо соҳаи илму маорифро, бахусус таъкид кардан  мехоҳам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраҳои аввали фаъолияташон маорифро як рукни муҳими давлат ҳисобида ба он таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир мекарданд. Ба ёд орем маорифи фалаҷшудаи  аввали солҳои навадуми асри гузаштаро.

Маҳз туфайли таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зина ба зина маориф инкишоф ёфта, шароит ва сатҳу сифати таълим ба дараҷаҳо боло рафт, ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва рақобатпазир шуд. Ҷавонони мо имрӯзҳо майли дар кишварҳои хориҷ таҳсил кардан доранд. Ҳақ доранд, ҳалолашон бод. Рӯзе мерасад, ки ҷавонони мо чун гузаштагони дури худ дар тамоми гӯшаҳои олам чун миллати илмдӯст қадру  манзалати  Тоҷикистонро  боло  мебардоранд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми навин ба рушду инкишофи забони ширину гуворою, хушоҳангу ба дил қарини тоҷикӣ аҳамияти хоса дода, таъкид намуданд, ки дар баробари омӯзиши забонҳои русию англисӣ ба омӯзиши забони модарӣ диққати ҳамешагӣ дода шавад. Воқеан, Пешвои муаззами миллат қаблан, дар Паёмҳои пешинаашон, дар асару мақолаҳои оид ба забони давлатӣ иншо кардаашон низ ба рушди забони давлатӣ ҳамчун муҳимтарин рамзи Истиқлолияти давлатӣ диққати хоса дода, онро ба мисли забони адибони шоирони классику муосир, забони илм, оинаи таърих, инъикоскунандаи анъана, урфу одатҳои миллӣ муаррифӣ намудаанд.

“Мо барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд  бардорем”–гуфтаанд Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон.

Ин талаби асосии Роҳбари давлат оид ба омода намудани шароити таълим саривақтист ва таваҷҷуҳи хосаро тақозо менамояд. Дар урфият мегӯянд: “Бе дос ба дарав рафта намешавад”, яъне бе шароити таълим дониши замонавӣ гирифтан имкон надорад. Дар ин росто, бояд иқрор шавем, ки дар соли дуюми “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” қарор дорему нисбат ба кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ба таври кироӣ таваҷҷуҳ зоҳир накардаем. Муҳлати амали “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълим барои солҳои 2018- 2020” тамом шуд, вале ҳанӯз шогирдони мо нисбати олами органикӣ ва ғайриорганикӣ, сохти олами зинда, системаи офтобӣ, олами атроф, илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ  аз китобҳои дарсӣ ба таври назариявӣ дониш мегиранд, ки ин донишҳо дер намепоянд, рушд намеёбанд, дархӯрди  замон  нестанд.

Агар мақсади мо  сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар карда, нишондиҳандаҳои сифатро дар раванди таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик сохтан бошад, бояд ба рушди низоми инноватсияи миллӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи бештару беҳтар диҳем. Ин нуктаро Пешвои миллат борҳо таъкид карданд. Аз дониши назариявӣ чӣ мегирем, то ҷанд муддат дар хотири мо боқӣ мемонад?! Оё дониши назариамон такмил меёбад? Агар донишамон ба таҷриба, амалия асоснок шуда бошад-чӣ?!

Хуб мешуд, ки баробари маблағҳои буҷа сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ дарёфт намуда, дар навбати аввал ҷиҳози таълими замонавиро дарёфт ва муҳайё намоем. Ин кор рӯякӣ, якдафъаина набуда, рафти корҳо аз шуъбаҳои маориф сар карда то Ҳукумати шаҳру ноҳияҳо бояд таҳти назорати доимӣ ва таҳлили ҷиддӣ қарор гирад. Мақсад шароити таълимро беҳтар кардан бошад, аз харҷи беҳудаву бемаънӣ ҳазар бояд.

Яке аз масъалаҳои калидии Паём рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумист, ки соли дуюми он паси сар шуд. Чӣ дастовардҳо дорем дар ин самт.

Аввалан, вазифаҳои дар ин самт гузошташуда рӯз аз рӯз суръату сифати тоза гирифта истодааст. Тоҷикистон яке аз маконҳои амн ва барои туризм мувофиқ пазируфта шуд. Дар давраи пандемия зиёда аз 1 миллион сайёҳ аз Тоҷикистон дидан намуданд. Минтақаҳои туристии Тоҷикистон рӯз аз рӯз аз лиҳози саёҳатбобӣ  мукаммалу шуҳратбор ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ  гашта истодааст.

Вазифаи муҳими давр - боз ҳам тақвият додани корҳо аз лиҳози ҳирфаӣ аст.

Дуюм, маданияти қабули меҳмон, ки ҳақиқатан тоҷикона, бо сидқи дил аст, шуҳрати ин мулки биҳиштосо ва ҳақиқатан барои сайёҳон кам кашфшударо ба оламиён бурда истодааст. Дар ин росто мо имкон дорем, маданияти ҳақиқатан  тоҷиконаи қабули меҳмонро тақвият бахшем, пиру ҷавонро санъати қабул, чӣ аз лиҳози лафзӣ ва чӣ аз лиҳози манзилдорӣ омӯзонем.  Метавонем!  

Масалан, дар дараҳои Варзобу Вахё, Дарвозу Мастчоҳ сайёҳ бо як назар чор    иқлим, боду ҳаво, манзараҳои зебои табиатро дида, аз кӯҳҳои сар ба фалаккашида, пиряхҳо, обҳои шифобахш, кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо, ҳайвоноту наботот, мамнӯъгоҳҳо ва шикоргоҳҳо  дидан мекунад. Магар ин муъҷиза нест!

Дар мулки биҳиштӣ зиндагӣ мекунему аз он дарак надорем. Маданияти қабули сайёҳ огоҳ нестем. Меҳмон қабул мекунему манзиламонро тамиз намекунем. Солҳои шӯравӣ марказҳои туристӣ доштем, хонандагони синфҳои болоӣ бо ҷиҳози туристӣ ба саёҳату омӯзиши туристӣ мерафтанд,  холо, чаро не?  Вақти он расидааст, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба туризм фанни таълимӣ ҷорӣ кунем. Ана баъд мебинем, ки чӣ таҳаввулоти азиме  рух медиҳад дар ин самт.

Агар ҳама якҷоя ҷаҳду талош кунем, итминони комил дорам, ки дар соли таърихии 2021 комёбиҳои беназире дар самтҳои болову дигар самтҳо насибамон мегардад.

Сироҷева  М. вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg