БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МО ҶАВОНОНРО БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН ДИЛГАРМ НАМУД

АНДЕША. Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисодиёти миллӣ буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодааст.

Яъне, мо соли 2020 дар вазъияти бо шиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем.

Дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, бо соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем.  Аз ҷумла, ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шудаанд.

Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД-19 беш аз 30 бемор бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардидаанд.

Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуда,          бо дарназардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то ба  2,1 миллиард сомонӣ расонидааст.

Танҳо соли 2020, яъне соли пандемия ва шароити мушкили иқтисодиву молиявӣ барои наврасону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 147 иншооти варзиш ба харҷи 1 миллиарду 63 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.  

Дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб  25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ  тайёр карда шудаанд. Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар қариб 110 ҳазор нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75 ҳазор нафарашон табибон ва кормандони миёнаи тибб буда, беш аз 68 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашидаанд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот додаанд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, ба кулли сокинони кишвар, ки дар чунин давраи душвору вазнин сабру таҳаммул нишон дода, ба воҳимаву таҳлуқа наафтода, баръакс, муттаҳид шуда, эҳтирому иззати ҳамдигарро ба ҷо овардаанд, табибон ва оилаҳои онҳоро дастгирӣ кардаанд ва баробари Ҳукумат заҳмат кашидаанд, инчунин, ба соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпеша, ки ба муассисаҳои тандурустӣ, табибон ва оилаҳои камбизоат бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи ғизоӣ кумак  расонидаанд, сипоси бепоён мегӯем.

Дар соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ муассисаҳои тиббӣ дар ҳаҷми қариб 1 миллиард сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ, доруворӣ ва маводи муҳофизатӣ харидорӣ карда шуд. Дигар самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардидани шароити муассисаҳои тиббӣ мебошад.

Бо ин мақсад, дар соли 2020-ум 108 иншооти нави тандурустӣ бунёд ва 283 иншоот аз таъмири асосӣ  бароварда шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сироятёбӣ бо барангезандагони ҳаргуна бемориҳо ба яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст.

Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки масъалаи таъсиси Маркази Ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносиро мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳодҳои худро оид ба ҳалли ин масъала ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.

Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии КОВИД-19 аз байн рафтааст.

Лекин ин  маънои онро надорад, мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ  зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

Саидзода Аюби Нуриддин, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg