Н.ХУСРАВ. Гурӯҳи таблиғоти назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаҳои Чашма ва Лолазори Ҷамоати деҳоти Истиқлол дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15 бо сокинон ва омӯзгорони муассисаи мазкур суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.
Аъзои гурӯҳи корӣ дар назди сокинон оид ба самтҳои асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, қайд намуданд, ки дар Паём омадааст, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодаанд. Дар ин давра зиёда аз 2000 мегават иқтидори нав ба кор андохта шуда, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллард киловатт-соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт-соат дар соли 1019 офзоиш дода шуд. Барои дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги хаётан муҳим ба нақша гирифта шудааст.
Бо ин мақсад аз ҳар як сокини кишвар даъват ба амал оварда шуд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ, пардохти саривақтии маблағи он ба роҳ монда шавад.
Сипас, дар бораи озмуни вилоятии « Беҳтарин сарфакори барқ», ки он моҳи марти соли ҷорӣ ҷамъбаст мегардад, суханронӣ карда шуда, шартҳои он ба сокинон ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд.