Н.ХУСРАВ. Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо сокинони деҳаҳои Орзу ва Навободи Ҷамоати деҳоти Фирӯза оид ба фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.
Аъзои гурӯҳи корӣ ҳангоми баромадҳояшон қайд намуданд, ки яке аз нуктаҳои муҳимие, ки дар Паёми нави Сарвари давлат зикр шуд, ин ба амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон мебошад. Ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаи маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, бунёду таҷлили роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар намудани некӯаҳволии мардум мебошад. Ҳамчунин, дастгирии кишоварзон бо мақсади таъмини талаботи бозори дохилӣ соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ аз андози ягона озод гардиданд, ки аз ғамхориҳои навбатии Сарвари давлат нисбати кишоварзони кишварамон мебошад. Дар Паёми имсола ба соҳаи энергетика як зумра иншоотҳои энергетикӣ бунёд гардида, таъминоти неруи барқ дар ҷумҳурӣ хеле беҳтар гардид. Бо мушкилиҳои дар соҳаи барқ пеш аз ҳама бо сабаби кам боридани барф соли ҷорӣ миқдори зарурии об захира карда нашуд. Аз ин лиҳоз ҳар як сокини кишвар барои сарфаю сариштакорона истифода бурдани неруи барқ вазифадор аст. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сураё Ализода вохӯриро ҷамъбаст намуда, шартҳои озмуни «Беҳтарин сарфакори барқ»- ро ба сокинон фаҳмонида, аз ҳамагон барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват ба амал овард.