КӮШОНИЁН. Дар ташкилотҳои ибтидоии Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо аъзои ташкилоти номбурдашуда доир ба баррасии мазмун ва муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Зимни мулоқот масъулини ҳизбӣ доир ба самтҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат ва нуктаҳои муҳимтарини он маълумотҳои муфид доданд. Дар охир иштирокдорони вохӯрӣ миннатдории хешро баён карда, зикр намуданд, ки мулоқот бо сокинон барои фаҳмонидани нуктаҳои Паём ва дастурҳои созанда ба хотири рушду ободии кишвар аҳамияти хоса дорад.