БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ - ҶАВҲАРИ НОДИРИ МАРДУМИ ТОҶИК

КӮШОНИЁН. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Навбаҳор  бо сокинон ҷиҳати тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ масъулин доир ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар бар мегирад, суханронӣ намуда, талаботҳои асосии он - пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, мавриди шарҳу тавзеҳ қарор додад. Инчунин, дар охир аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири  рушди Ватан ва таъмини зиндагии боз ҳам шоиста аз ҳама гуна имкониятҳо истифода бурда, ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатиро истиқбол намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg