КӮШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён бо аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ доир карданд.
Ҳамасола ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор мешавем, зеро Паём дастурест барои фаъолияти минъбаъда ва раҳнамоест барои татбиқи ҳадафҳои созанда.
Инчунин, қайд доштанд, ки воқеан, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари маҳбуби мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд.