![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20210209_094354.jpg?itok=p_Yytj7b)
КӮШОНИЁН. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдуллоев Мирвоҳид дар деҳаи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Ҷамоати деҳоти Заргар бо сокинон вохӯрӣ баргузор шуд.
Зимни вохӯрии худ Абдуллоев Мирвоҳид оид ба муҳтавои Паёми навбатии Президенти кишвар ва дар амал татбиқ намудани Аксияҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!”, “Якҷоя ҳал мекунем!” ва “Беҳтарин сарфакори неруи барқ” суханронӣ карда, қайд дошт, ки ҳамасола, зимни ироаи Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табақаҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла маъюбон, нафақахӯрон, ятимон ва оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ин навбат низ дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ пешниҳод гардид, ки аз 1 сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз сини кӯдакӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 20 % зиёд карда шавад.