БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛОНИ ҲХДТ ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ НАҚШИ МУҲИМ ДОРАНД

БОХТАР. Бо ташаббуси  узви фаъоли ҲХДТ Ҳамзаев Аловуддин дар маҳаллаи Ҳаёти нави шаҳри Бохтар қисмате аз роҳҳои дохили маҳалла, ки ба партовгоҳ мубаддал гардида буд, тоза карда шуда,  бо дастгирии сокинон ва ташаббуси ватандӯстонаи Ҳамзаев Алловуддин роҳи мазкур пурра сангфарш карда шуд.

Дар маҷмӯъ 600 метр роҳҳои дохили кӯчаҳои маҳаллаи Ҳаёти нав сангфарш гардид, ки дар корҳои сохтмонӣ техникаҳои калони сохтмонӣ ва худи сокинон ҷалб карда шуданд.

Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло ва Ҳамзаев Алловудин бо сокинони маҳаллаи мазкур суҳбат карда,  қайд  намуданд, ки ҳар як сокинони бо нангу номуси кишвар вазифадор аст, ки дар ободии як гӯшаи меҳан саҳмгузорӣ кунад. Саҳмгузорӣ дар ободониву созандагӣ аз хона, кӯча, маҳалла ва шаҳри худ оғоз мегардад.

Сипас, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаронидани кишти баҳорӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ заминҳои дар ихтиёрдоштаашонро мақсаднок истифода намоянду дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини бозорҳои шаҳр бо маҳсулоти худ мусоидат намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg