БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАКТАБ ДАРГОҲИ МУҚАДДАС, ОМӮЗГОР ШАХСИ МУЪТАБАР АСТ

БОХТАР. Дар Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар бо иштироки аъзои гурӯҳи тарғботии вилоятӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Абудназарзода Шоиста,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, аъзои гурӯҳи тарғиботии шаҳрӣ  Ғафурзода Музаффар бо сокинони маҳаллаи ба номи “Ҷамила Мирзоқодирова” оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”  гузаронида шуд.

Нахуст, Абудназарзода Шоиста  вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба сухан баромада,  иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ишора намуданд, ки “Мо минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳем”- ин таваҷҷуҳ бояд масъулияти мо ҷавононро дар эъмори воқеан як ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, пешрафтаву пуриқтитор садчанд намояд”.

Ҳамзамон вобаста ба рушди соҳаи роҳсозӣ Пешвои миллат мужда доданд, ки Тоҷикистон пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад ва дар оянда диққати бешатр ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ равона карда мешавад. Дар Паём рушди соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, Пешвои милат дастовардҳои соҳаро дар муддати се соли охир  хуб арзёбӣ карда, баҳои баланд доданд, - гуфт, Иброҳимзода Неъматулло  ҳангоми баромади худ дар вохӯрӣ бо сокинони маҳалла.

Аъзои гурӯҳи тарғиботии шаҳрӣ Ғафурзода Музаффар бошад, доир ба дигар таҳлуҳои Паёми имсолаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, пешниҳоди дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми сентябри соли равон нафақаи маъюбон то 20% ва маъюбони гурӯҳи якумро то 50% баланд бардоштанро ғамхории навбатии Пешвои миллат нисбат ба сокинони мамлакат унвон кард.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ масъалаҳои дигар, аз қабили пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ, сарфакоронаи истифода бурдани неруи барқ, риоя намудани коидаҳои беҳдоштӣ, саҳмгузорӣ намудан дар ободониву созандагии маҳал, бо заҳматҳои созанда ва дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ҷашнҳои дар пешистода муҳокима карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg