БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОРАНД

БОХТАР. Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и  шаҳри Бохтар вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби фаъолзанон бо сокинони маҳаллаи Сарчашма доир гардид.

Дар  мулоқот  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ҳакимова Волида, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ Нурова Гулнора ва дигарон иширок дошта, вобаста ба  сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд ва  мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеаи муосир андешаронӣ карда,  кайд намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.

Дар охир чанде аз сокинон фикру мулоҳизаҳои хешро баён карда, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg