ҶАЙҲУН. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун, дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 доир гардид.
Дар ҷаласа аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб, занону ҷавонон ва фаъолони ҳизб ширкат доштанд.
Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Ҳасанзода Тағоймурод ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Ҳасанзода Тағоймурод ба сухан баромада, оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии он дар давоми соли 2020 мутобиқи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Анҷумани XIII-и васеи КИМ ҲХДТ баён гардида ва эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, дар доираи омодагиҳо ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қарорҳои маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои созандаи ҳизб, пешгирии терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тафсиру тарғиби қонунҳои миллӣ ва дигар масъалаҳоро муфассал маърӯза намуд.
Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии “Мактаби Варзиш-”и Зубайдов Маҳмадшариф ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Каримов Алишер ба сухан баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳунро дар давоми соли 2020 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Инчунин, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Асроров Саидшо ба сухан баромада қайд кард, ки ҷиҳати пур намудани фазои холии шабакаҳои интернетӣ моро зарур аст, ки саҳифаҳои худро бо маводҳои тарғиботӣ, тарбиявӣ ва ҷалби омма ба корҳои созандаву бунёдкорона пур намоем, зеро нохалафон ин фазоро бо дассисаҳои душманонаи худ пур карда истодаанд. Мо бояд ба он курбинон нишон диҳем, ки ба кадом пешравиҳо ноил гардидаем.
Дар охири маҷлиси ҷамъбастӣ Ализода Аҳмадҷон раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон баромад намуда, дар бораи нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи самтҳои сиёсати созанда ва бунёдкоронаи ҲХДТ, вазифаҳои аъзои ҲХДТ, мубориза ба падидаҳои номатлуби замони муосир, дӯст доштани Ватан ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносию хештаншиносӣ, вусъати фаъолияти дохилиҳизбӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал суханронӣ намуд.