БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАҲРАМОНОН ТО АБАД ЗИНДААНД

ХОВАЛИНГ. Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ  мудири бахши омор ва ба ҳисобгирии аъзои ҳизб  Сангинова Мақсуда, мудири бахши корҳои махсус Холиқзода Гулҷаҳон Содиқ, мудири шуъбаи кор ба ҷавонон, муовини якуми раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Изатулло Ҳабибзод  ҳангоми сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг ба аёдати оилаҳое, ки фарзандонашон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва дар сафи Артиши миллӣ ҳалок гардидаанд, ташриф оварданд.

Аз ҷумла, ба аёдати  модаре, ки фарзандаш дар сафи Артиши миллӣ ҳалок гардидааст ва солҳост, ки  ранҷи беморӣ мекашад, Каримова Зуҳро ва оилаи шаҳиди  роҳи озодӣ Талбова Кавгинисо рафта, ба онҳо кумаки яквақтаинаи ғизоӣ ва ҳамчунин миннтадории самимии Роҳбарияти Олии  ҲХДТ- ро  ҷиҳати тарбияи фарзандони ватандӯсту ҷоннисорашон расониданд.

Аёдатшудагон ин иқдоми неки ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карда, миннатдории хешро барои дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд ва дуои нек карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg