ТЕМУРМАЛИК. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32- и Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Кумитаи иҷроия Абдулманонов Сорбон ва роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Маҷидов Далер бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ доир гардид.
Зимни мулоқот намояндагони ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ, тарбия намудани ҷавонон, ва инчунин дар мавзӯи Оиннома ва Барномаи ТҶҶ «Созандагони Ватан», бемории сироятии коронавирус ва роҳҳои пешгирии он суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Пешвои миллат дар ҳама сухашнрониҳояш ба мо ҷавонон эътимоду боварии калон дошта, пайваста таъкид мекунанд, ки ҷавонони мо бояд нисбати давлату миллат бо дасту дилу нияти пок барои аз бар намудани илму дониш, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан талош варзанд ва омода бошанд. Чунки ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонони қавииродаву ватандӯст мебошад.