ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми худ санаи 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа намуда буданд, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Суҳроб Валиев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан Суҳроб Валиев дар бораи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат бармеояд, андешаҳои хешро баён карда, иброз дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандонаву ватандӯстонаи Роҳбари давлат содиқона хизмат намудан ба халқу Ватан вазифаи ҳар як шаҳрванди бедордил мебошад. Ҳамзамон, дар идомаи суҳбат оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба корҳои ободонию созандагӣ даъват кард.
Дар ин баробар ба иштирокчиён Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” барои сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии (COVID-19) дастрас карда шуд.